Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. 1. Барои санҷиши ВНМО тест системаҳои насли 3 ва 4 ро истифода мебаранд мо аз куҷо донем, ки барои ташхис дар кадом намуди тест анализ супоридем? 2.Ташхиси экспрес тест, ПЦР, ИБ, ИФА кадоме аз инҳо барои супоридани ВНМО 100% аниқ ҳисобидан мумкин?

Салом!

Айни замон барои аниқ намудани ташхиси сирояти ВНМО якчанд маротиба ТИФ (ИФА) мегузаронанд, ки бо тестҳои муосир гузаронида мешаванд. Аз ин ру агар ташхиси ВНМО тасдиқ шавад, гумонбар шудан лозим нест. Инчунин, баъд аз аниқ намудани ташхис барои таъини табобат таҳлили ПЦР барои муайян сохтани сарбории вируси истифода мешавад, ки онро ҳамзамон боз як тасдиқи ташхис ҳисобидан мумкин аст.

Барои рад кардани ин сироят супоридани тести очили ва ё ТИФ (ИФА) кифоя мебошад, яъне фарқ байни онҳо нест, ҳамаи онҳо ҷавоби дурустро нишон медиҳанд.

Бо эҳтиром,

Талбов Умед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

13.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.68TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov