Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Мо чӣ тавр кор мекунем

Фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии СФШГ-Точикистон ба кӯмаки имконпазир дар татбиқи барномаҳои  мусоидат ба тарзи хаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию гигиени, кам кардани таъсири пахншавии беморихои мухими сирояти ичтимои дар байни гурӯҳҳои осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Сифати фарқкунандаи СФШГ ин исботи усули босамари фаъолият дар ташкил намудани корхо барои гуруххои калидии ахоли, баланд бардоштани сатхи дониши мутахасисоне, ки хизматрасонии прафилактики, омузиши мутахасисон ва истифодаи технологияхои коммуникатсионии замонави барои ба ахоли, ва ин чунин дастрас намудани маълумоти илмии асосшуда ва машварати онлайн мебошад.

Дар хамкори бо шарикони асоси дар симои Вазоратхои тандурусти ва хифзи ичтимои, корхои дохили, адлияи Чумхурии Точикистон ва Агентии назорати маводи нашъаоварии назди Президенти Чумхурии Точикистон, СФШГ кушишхои худро ба масъалахои зерин равона менамояд:

  • ташкил ва рушди стратегияи муштарак оид ба мубориза бо пахншавии беморихои сироятии ичтимоии мухим ва ба тахкими минбаъдаи иктидори системаи тандурустии мавчуда дар татбики вокуниши комплекси ва хамохангшуда ба афзоиши эпидемияи беморихои мухими ичтимои дар Чумхурии Точикистон;
  • баланд бардоштани огохии ахолии осебпазир дар бораи мушкилотхои ичтимоию тибби вобаста ба истифодаи маводи мухаддир, ВНМО,  сил, санитарию гигиени, ва дигар беморихои мухими ичтимои дар Чумхурии Точикистон;
  • таъмини муттасилии хизматрасонихо дар сохаи тандурусти, пешгири ва нигохубини шумораи беморихои сирояти байни ахолие, ки ба рафтори хатарнок рох медихпнд: истифодабарандагони маводи мухаддир, махкумшудагон, собик махкумшудагон, занони осебпазир ва чавонон, коргарони мухочир ва шахсоне, ки бо ВНМО зиндаги (минбаъд гурххои осебпазир) дар чойхои амалисозии барномаи мазкур дар Чумхурии Точикистон;
  • таъмини дастраси ба гуруххои осебпазир дар ёрии тиббии босифат пешгири, табобат ва дастгири дар давраи табобат;

Бо мақсади мусоидат дар ноил шудан ба мақсадҳои барномаҳои миллии сохаи тандурустии чамъияти, СФШГ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти зеринро амали менамояд:

  •  хамкориро бо сохторхои милли давлати, муассисаҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар самти тандурустии чамъияти фаъолият менамоянд  густариш медиҳад;
  • тадкикотхои сотсиологи, илми ва амалро дар сохахои тандурусти,  сохахои ичтимои ва иктисоди, хукуки инсон, баробарии гендери тахияву хамохангсози намуда мегузаронад;
  • барномаю лоихахои хайриявиро дар самтхои пешгирии нашъаманди, пахн намудани ВНМО, бемории сил, беморихои сироятии чинси (алокаи чинси), гепатит ва дигар беморихои сирояи тахия ва амали менамояд;
  • чорабинихои фарогати, фарханги, варзиши ва дигар чорабинихои оммавиро ташкил менамояд;
  • барои ноил шудан ба максадхои Созмон семинархо, конференсияхо, тренингхо ва дигар чорабинихоро дар доираи барнома ва лоихахо ташкил менамояд;
  • мусоидат ба бехтар намудани стандартхои таълим ва омузиш дар сохахои тандурусти, тиб, ичтимои, корхои пешгирикунандаю машварати ва ичунин амали намудани лоихахои вобаста ба ин фаъолият.



Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

25.09.2018
USDUSD9.41TJSTJS
EUREUR11.11TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov