Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Нишонаҳо

Ҷараёни сирояти ВНМО дар марҳилаи ибтидоӣ дорои чунин хусусият аст, ки аломатҳои назаррас муддати дуру дароз мавҷуд набуда, ё худ инкишофи бемории шабеҳи зуком, аз он ҷумла вараҷа, дарди сар, дамидани доначаҳо ва дарди гулӯ ба назар мерасад.  

Бо мурури он, ки сироят оҳиста-оҳиста системаи масуниятро заиф мегардонад, дар одамон аломатҳои дигар метавонанд пайдо шаванд, ба мисли варамидани ғадудҳои сафро, лоғаршавии бадан, вараҷа, исҳол (дарунравӣ) ва сулфа. Ҳангоми табобат накардан метавонанд бемориҳои зерин инкишоф ёбанд: бемории сил, менингити криптококкӣ, як қатор бемориҳои саратон, ба мисли лимфома ва саркомаи Капоша ва ҳоказо.  

Ташхис

Тест доир ба ВНМО имконият медиҳад, ки ҳолати сироятӣ бо роҳи муайянсозии мавҷудият ва ё вуҷуд надоштани моддаҳои бегона дар хун муайян карда шавад. Моддаҳои бегона бо системаи масунияти инсон дар баробари мубориза бо микроорганизмҳои ҷинсан бегонаи касалиовар ҳосил мешаванд. Дар аксарияти одамон «давраи нихони» аз 3 то 6 хафта ба назар мерасад,  ки дар давоми он нисбати ВНМО моддаҳои ҷинсан бегона аллакай ҳосил шудаанд, вале ҳанӯз зоҳир намешаванд. Ин давраи ибтидоии сироят лаҳзаи бештари сирояткунанда мебошад, лекин интиқоли сироят метавонад дар тамоми давраҳои он ба амал ояд. Дар он ҳолат, агар ба наздикӣ эҳтимоли алоқа бо шахси гирифтори ВНМО вуҷуд дошта бошад, барои тасдиқи натиҷаҳои санҷиш пас аз шаш ҳафта санҷиши такрорӣ гузаронидан зарур аст – ин вақти кифоя барои ҳосил намудани моддаҳои ҷинсан бегона дар одами сироятшуда мебошад. 

Санҷиш ва машваратдиҳӣ

Санҷиш ба ВНМО бояд ихтиёран сурат гирифта, ҳуқуқи рад аз он бояд эътироф карда шавад. Санҷиши ҳатмӣ ва ё маҷбурӣ бо ташаббуси кормандони тиббӣ, мақомоти тандурустӣ, шарик ва ё аъзои оила мумкин нест, зеро он таҷрибаи сазовори тандурустии ҷамъиятиро халалдор сохта, ҳуқуқи инсонро вайрон мекунад.
Тамоми хизматҳо оид ба санҷиш ва машварат бояд панҷ қисмати аз ҷониби Ташкилоти умумичахонии тандурусти тавсияшударо ба назар гирифта бошанд: розигии хабардоркарда, махфият, машварат, натиҷаҳои дурусти санҷиш ва алоқа бо хадамот оид ба нигоҳубин ва табобат, инчунин бо хадамоти дигар.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov