Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумоти умумӣ

Бемории сил  (туберкулез аз калимаи лотинӣ  tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо  ва системаҳои дигар низ асар мегузорад.

Бемории сил табобатшаванда  ва  пешгиришаванда аст.

Соли 1882  дар Олмон  Роберт Кох  пас аз  17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд,  ки онро батсилаи Кох (БК)  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани  балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард.  Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд.

БС аз инсон ба инсон  тавассути  ҳаво ва оби даҳон  паҳн мегардад.  Ҳангоми сулфазанӣ,  атсазанӣ  ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво ҷудо карда мешаванд.  Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст 

Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд.  Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ  10%-ро ташкил медиҳад.  Аммо ба шахсоне,  ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо,  диабет ва ё тамокукашӣ,  хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин  беморӣ таҳдид мекунад.  

Бемории сил аз давраҳои дерина ва то ба имрӯз ҳамчун  проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри XX  бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Айни замон барномаи маҷмӯавӣ таҳия карда шудааст,  ки барои ошкор намудан ва табобат намудани  ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

15.08.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov