Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Табобат

Ҷараёни кори табобатии узвҳои системаи таносулии занон тадриҷан хеле мураккаб, серзина ва бисёрҷабҳа мебошад. Дар он се қисматҳои пай дар пайи ба ҳамдигар мутақобила робитадошта дохил мешавад: бо пуррагӣ ва ё суст кардани ҷараёни табаддулотҳои ғайриоддии эҳтилолӣ (табобати аслӣ), пешгирии минбаъдаи авҷгирӣ ва афзоишу ба вуқӯъ омадани бемориҳо (пешгирии дуюмдараҷа), қисман ва ё бо пуррагӣ барқарор намудани солимии бадан пас аз вайронкориҳои гинекологӣ (барқарорсозӣ).

Мисли дигар сохторҳои соҳаи тиб, усулҳои табобатии бемориҳои гинекологӣ ба ду гурӯҳҳои асосӣ тақсим мешаванд:  гинекологияи муҳофизакорӣ (консервативӣ) ва ё ғайриҷарроҳӣ (усулҳои бо дорувориҳо истифодашуда) ва гинекологияи вазоифии амалиётӣ (усулҳои амалиётҳои ҷарроҳӣ истифодашуда). Ҳангоми табобат бо усулҳои истифодабарӣ аз дорувориҳо чунин маводҳо истифода карда мешаванд: зиддизарра мавҷудот (антибактериавӣ), ҳормонӣ, муътадилсозии хун (боздории хунравӣ), кам кардани дардҳискунӣ, маводҳое, ки вокуниши масунияти баданро   маҳзуну худдорӣ менамояд, маводҳои дорувории зиддикамхунӣ, зидди барангезандаҳо (зиддисептикӣ), маводҳои ҷаббандаю несткунанда, маводҳои оромкунанда (оромбошӣ), маводҳои оромбахш (оромбахшӣ), маводҳои ангезандаи биологӣ (биотаҳриқаҳо) ва витаминҳо.

Ба усулҳои табобатии ғайридоруворӣ дар гинекология дохил мешаванд: ғизои мӯътадилӣ (ратсионалӣ), маҳси табобатӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, табобати рӯҳӣ (рӯҳафзунӣ), табобати табии (иқлимдармонӣ), табобат бо истифода аз лоиқа ва об (обу лоиқадармонӣ), табобат бо истифода аз барқ ва лазер (барқу лазердармонӣ), сӯзандармонӣ, табобат бо истифода аз хунукиҳо (криодармонӣ) ва табобат бо истифода аз маводҳои доруворӣва физиологӣ.

Ба усулҳои вазоифии амалиётӣ (усулҳои амалиётҳои ҷарроҳӣ истифодашуда) дар гинекология дохил мешаванд: сутурда тарошидани ковокиҳои бачадон, харобкорӣ бо истифода аз хунукӣ (криодеструксия), бо воситаи барқ сӯзонидан, бурида гирифтан, кӯшода тоза кардани фасодҳо (чиркҳо) ва канда гирифтани ҳуфра (барҳамдиҳии киста),  исқоти ҳамли сунъӣ.  Бо гузашти вақт ва замон ҳамаи ин усулҳои вазоифии амалиётӣ, амалиётҳои фаврӣ доимо мунтазам мукаммал карда, такмил дода мешаванд, ки онҳо дар воқеъ комилан хело ҳам таъсири номатлубро ба бадани занон  ва мӯҳлати барқарорсозиро пас аз гузаронидани табобат кам менамоянд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

16.10.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.94TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov