Ассалом. Гарчанде, ки хонаро шумо харида бошед ҳам, лекин дар назди қонун соҳиби хона додари шумо мебошад. Барои ҳамин, агар хонаро ба номи худатон кардани бошед, розигии ҳамсари додаратон лозим мебошад. Тибқи моддаи 39 Кодекси оилаи ҶТ ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.