Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Сӯзок

Сузок

Сузок  ба гурӯҳи бемориҳои классиқӣ таалуқ дорад,  ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд  (бемориҳои узвҳои таносул). Барангезанда – гонококк (Neisseria gonorrhoeae).

Ҳангоми ин беморӣ осебёбии роҳи пешобронӣ (уретра), рострӯда, ҳалқ,  гарданаи баччадон  ва чашм аз эҳтимол  дур нест. 

Сироятшавӣ аз сӯзок

Дар аксарият ҳолатҳо сироятшавӣ аз сӯзок ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ ба маҳбал ва  рострӯда  ба вуҷуд меояд.  Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи даҳонӣ низ  вуҷуд  дорад.

Ҳангоми гузариш аз роҳҳои наслӣ эҳтимоли сироятшавии навзод бо инкишофи конъюнктивити гонококкӣ вуҷуд дорад.

Сироятшавии маишӣ  аз эҳтимол дур аст.  Зеро  (1) гонококк  берун аз организми инсон зуд  нобуд мешавад; (2) барои сироятшавӣ зурур аст,  ки ба организм миқдори кифояи гонококкҳо роҳ ёбанд.  Тарзи маишии сироятшавӣ роҳ ёфтани миқдори кифояи гонококкҳоро таъмин намесозад. Бинобар ин, нишастгоҳи халоҷо (унитаз), ҳавзҳои оббозӣ, ҳаммом, зарфҳои таоми умумӣ ва сачоқу дастмолҳо сабаби сироят шуда наметавонанд. 

Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи ҷинсии яккарата бе истифодаи рифола бо шахси гирифтори бемории сузок.

Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи ҷинсии муҳофизанашуда (вагиналӣ,  аналӣ) бо шахси гирифтори бемории сузок тақрибан 50% ташкил мекунад.

Ҳангоми алоқаи ҷинсии даҳонӣ эҳтимоли сироятшавӣ пасттар мебошад.  Бо дарназардошти паҳншавии фарингити бе аломат дар байни фоҳишаҳо, алоқаи ҷинсии бидуни рифоларо бо фоҳиша бехатар ҳисобидан мумкин нест.

 Давраи ноаёни сузок.

Давраи ноаёни  сузок дар мардон одатан аз 2 то 5 шабонарӯзро дар бар мегирад;  дар занон  – аз  5 то 10  шабонарӯз. 

Аломатҳои  сузок

Аломатҳои  сузок дар мардон:

  • тарашшӯҳи  сафеду зардчатоб аз роҳи пешоброн;
  • ҳиссиёти дард  ҳангоми  пешобронӣ.

Аломатҳои  сузок дар  занон:

  • тарашшӯҳи  сафеду зардчатоб аз  маҳбал;
  • дарднокӣ ҳангоми  пешобронӣ;
  • хунравӣ дар фосилаи ҳайзҳо;  
  • дард дар зери шикам.

Фарингити  гонококкӣ (осебёбии  ҳалқ)  аксар вақт  бе аломат мегузарад.  Баъзан он  бо  ҳисси  дард  дар гулӯ  зоҳир мегардад.

Проктити гонококкӣ (осебёбии рострӯда) одатан бе аломат мегузарад.  Эҳтимоли ҳисси дард  дар рострӯда, хориш  ва тарашшӯҳ аз рострӯда  вуҷуд дорад.

Фарингити гонококкӣ ва проктити гонококкӣ ҳам дар мардон (махсусан тамоюли шаҳвонии ғайритабии мард бо мард ва майли шаҳвонӣ ба ҳарду ҷинс- бисексуалӣ)  ва ҳам дар занон ба назар мерасад. 

Хусусиятҳои сузок  дар занон

Дар занон сӯзок асосан бидуни ягон аломат мегузарад. Ҳатто агар аломатҳо пайдо шаванд, онҳоро на ҳама вақт дуруст баҳо медиҳанд.  Масалан, тарашшӯҳи  сафеди зардчатобро  аз маҳбали занон одатан бо  кандидоз алоқаманд мекунанд;  ҳисси дардро ҳангоми  пешобронӣ бошад бо  – варами масона. 

Аворизи  (ё нуқсҳои)  сузок

Дар мардон аворизи бештари сузок ин илтиҳоби зоиди хоя – эпидидимит мебошад.  

Дар занон аворизи  бештари сузок – бемории илтиҳоби баччадон ва тухмдон ба назар мерасад, ки яке аз сабабҳои асосии безурриётии занона мебошад.   Ҳамзамон олати муҳофиза аз ҳамл ва ҳайс хавфи бемориҳои илтиҳобии бачадон ва тухмдонро меафзоянд.

Ҳангоми паҳншавии гонококкҳо ба узвҳои дигар сирояти гонококкии носомонии нутфабарорӣ пайдо мешавад.  Ҳамзамон пайвандҳо, пӯст, майнаи сар, дил ва ҷигар  осеб меёбанд.

Ҳангоми роҳ ёфтани гонококкҳо ба чашм конъюнктивити гонококкӣ пайдо мешавад. 

Ташхиси сузок

Барои ташхиси сузок танҳо мавҷудияти аломатҳо нокифоя аст.  Тасдиқёбии ташхис бо усулҳои лабораторӣ зарур мебошад.

Ташхиси сузоки шадид дар мардон  одатан бо натиҷаҳои як қатраи намунаи умумӣ асос меёбад. Ҳангоми сузоки музмин дар мардон, инчунин ҳангоми                ҳар кадом намуди ин беморӣ дар занон усулҳои нисбатан дақиқи таҳқиқот – ПЦР (Вокуниши занчиравии полимерази)   ва ё кишт зарур мебошад. Мавриди  сузоки музмин дар мардон, инчунин ҳангоми ҳар кадом намуди ин беморӣ  дар занон усулҳои нисбатан дақиқи таҳқиқот зарур мебошанд.

Муфассал дар ин бора ба қисмати Таҳқиқоти лаборатории бемориҳои узвҳои таносул (венерекӣ) назар кунед. 

Табобати  сузок

Табобати сузок бо таъини  антибиотикҳо  гузаронида мешавад. Ҳангоми   сузоки навпайдо  истифодаи яккаратаи  антибиотикҳо кифоя мебошад.

Самаранокии  иммунотерапия (циклоферон, полиоксидоний ва ҳоказо.),  табобати  ҷузъӣ  (инстиллятся ва ҳоказо), физиотерапия,  дастгоҳҳои «Уро-Биофон» исбот нагардидааст.  Истифодаи ин усулҳо  одатан  на бо мақсади   тиббӣ, балки бо мақсади  тиҷоратӣ  асос ёфтааст.

Бо дарназардошти он,  ки дар 30% чунин ҳолатҳо  сузок бо сирояти  хламидий якҷоя мешавад, табобати сузок  бояд дар бар гирифта бошад: (1) дорувории фаъол нисбати  гонококкҳо; (2)  дорувории фаъол нисбати  хламидийҳо. 

Шарикони ҷинсӣ

Агар Шумо табобат ёбеду, шарики ҷинсии Шумо бошад –  не, Шумо  метавонед такроран  сироятдор шавед.

Хабардор намудани шарикони ҷинсии худ дар бораи беморӣ хеле муҳим аст, ҳатто агар  чизе нороҳат насозад, инчунин  ҷиҳати аз муоина гузаштан ва гирифтани табобат онҳоро боварӣ ҳосил кунонидан  зарур аст. Зеро бе ягон аломат  ҷараён гирифтани беморӣ хавфи хуруҷи аворизи  онро паст намекунад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov