Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Ҳерпеси таносулӣ

Дар натиҷаи вируси ҳерпеси оддӣ хуруҷ мегирад, ки ҳам дар узвҳои таносул ва ҳам дар лабҳо пайдо мешавад. Ин вирус ниҳоят сироятпазир аст. Сироятшавӣ дар ҳаёт як маротиба ба амал меояд. Пас аз ин вирус якумрӣ дар организми инсон ҷойгир мешавад, ҳатто пас аз табобати он ҳам.

 Давраи ноаёнӣ (ниҳонӣ) – 3-7 рӯз. 

Пас аз ин дар атрофи узвҳои таносул сурхӣ, инчунин ҳиссиёти сӯзиш ва хориш пайдо мешавад, хусусан ҳангоми пешобронӣ, ғусл кардан ва роҳгардӣ. Сипас ҳубобчаҳои хурд пайдо шуда, зуд мекафанд ва дар ҷои онҳо захмчаҳои дарднок ба вуҷуд меоянд. Дар ин ҳолат аҳволи бемор то як андоза бад мешавад (беҳолӣ, дарди сар, ҳарорати баланд). Варами ғадудҳои сафроӣ ба назар мерасад.

Ҳубобчаҳо, ҳиссиёти нофорам дар муддати 1-2 ҳафта мегузаранд, лекин азбаски вирус дар организм боқӣ мемонад, беморӣ дар ҳолати сустшавии ҷиддии қувваҳои муҳофизати организм метавонад такроран хуруҷ гирад. Табобати ҳерпеси таносулӣ баҳри камшавии дард ва пешгирӣ кардани такрорёбӣ равона карда мешавад. 

Аворизи эҳтимолӣ:

    • дар занон ҳерпеси узвҳои таносул бисёр вақт боиси исқоти беихтиёронаи ҳамл, таваллуди бармаҳал, сироятгирии ҷанин ва баъзан аномалияҳои модарзодии (ғайримуқаррарӣ) инкишофи кӯдак мегардад;

    • аворизи беморӣ метавонад ба осеби ҳерпесии системаи марказии асаб оварда расонад;

    • осеби пардаи луобии чашмҳо метавонад боиси аз даст додани қувваи босира гардад (нобиноӣ);
      алоқа байни бемории ҳерпес ва саратони (омос) узвҳои таносул муайян карда шудааст.

    • Дар натиҷаи вируси ҳерпеси оддӣ хуруҷ мегирад, ки ҳам дар узвҳои таносул ва ҳам дар лабҳо пайдо мешавад. Ин вирус ниҳоят сироятпазир аст. Сироятшавӣ дар ҳаёт як маротиба ба амал меояд. Пас аз ин вирус якумрӣ дар организми инсон ҷойгир мешавад, ҳатто пас аз табобати он ҳам.  

Давраи ноаёнӣ (ниҳонӣ) – 3-7 рӯз. 

Пас аз ин дар атрофи узвҳои таносул сурхӣ, инчунин ҳиссиёти сӯзиш ва хориш пайдо мешавад, хусусан ҳангоми пешобронӣ, ғусл кардан ва роҳгардӣ. Сипас ҳубобчаҳои хурд пайдо шуда, зуд мекафанд ва дар ҷои онҳо захмчаҳои дарднок ба вуҷуд меоянд. Дар ин ҳолат аҳволи бемор то як андоза бад мешавад (беҳолӣ, дарди сар, ҳарорати баланд). Варами ғадудҳои сафроӣ ба назар мерасад.

Ҳубобчаҳо, ҳиссиёти нофорам дар муддати 1-2 ҳафта мегузаранд, лекин азбаски вирус дар организм боқӣ мемонад, беморӣ дар ҳолати сустшавии ҷиддии қувваҳои муҳофизати организм метавонад такроран хуруҷ гирад. Табобати ҳерпеси таносулӣ баҳри камшавии дард ва пешгирӣ кардани такрорёбӣ равона карда мешавад. 

Аворизи эҳтимолӣ:

    • дар занон ҳерпеси узвҳои таносул бисёр вақт боиси исқоти беихтиёронаи ҳамл, таваллуди бармаҳал, сироятгирии ҷанин ва баъзан аномалияҳои модарзодии (ғайримуқаррарӣ) инкишофи кӯдак мегардад;

    • аворизи беморӣ метавонад ба осеби ҳерпесии системаи марказии асаб оварда расонад;

    • осеби пардаи луобии чашмҳо метавонад боиси аз даст додани қувваи босира гардад (нобиноӣ);




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov