Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Пешгирӣ

Омилҳои хавф

Ду омили асосии сироятшавӣ аз БС чунин мебошанд: таъсирпазирии аз ҳад зиёд нисбати сироят ва алоқа бо беморе, ки гирифтори шакли аёни БС мебошад.   Ба гурӯҳи хавф  таалуқ доранд:

  • Шахсоне,  ки доимо дар алоқаи зичи маишӣ  бо бемор  қарор доранд  (донишҷӯёни хобгоҳ,  аъзоёни як оила);
  • Шахсоне, ки аз  маводи нашъдор ва машруботи спиртӣ сӯиистеъмол мекунанд;
  • Шахсоне, ки  ҷойи  истиқомати доимӣ надоранд;
  • Кормандони тиб;
  • Кормандони муассисаҳои  ислоҳӣ ва ё ҳабсхонаҳо.
  • Шахсоне, ки истеъмоли ғизояшон   чандон хуб нест;
  • Шахсоне, ки дар гузашта  бинобар гирифторӣ ба БС гумонбар шудааанд;
  • Шахсоне, ки ба наздикӣ  сироятро аз сар гузаронидаанд;
  • Шахсоне, ки мубталои  диабети қанд,  сирояти ВНМО мебошанд;
  • Шахсоне, ки аз маводи нашъадор, тамоку ва машруботи спиртӣ сӯиистеъмол мекунанд;
  • Шахсоне, ки мавриди  табобат  доруҳои пасткунандаи фаъолияти системаи масуниятро  қабул мекунанд.

 Профилактика

Айни замон асоси пешгирӣ кардани БС ваксинаи  БСЖ  мебошад. Дар асоси  «Тақвими миллии эмкунии пешгирикунанда» эмро ҳангоми  мавҷуд набудани аломатҳои манъкунанда дар таваллудхона, рӯзҳои 3-7-уми ҳаёти навзод  мегузаронанд.  Эми дуюмро ҳангоми санҷиши  манфии Манту ва мавҷуд набудани аломатҳои манъкунанда дар сини  7-14 солагӣ  мегузаронанд.

Бо мақсади муаян кардани БС дар марҳилаи ибтидоӣ,  гузаронидани таҳқиқоти флюорографӣ  соле на камтар аз 1 маротиба зарур аст (вобаста аз ҳолати саломатӣ, касбу кор  ва  мансубият ба «гурӯҳҳои гуногуни хавф»). Инчунин ҳангоми тағйирёбии қатъии санҷиши Манту нисбат ба дафъаи пешин, аз муоина гузаштан зарур буда, аз ҷониби силшинос гузаронидани химиотерапияи пешгирикунанда бо ёрии  якчанд доруҳо, дар маҷмӯъ бо витаминҳо ва гепатопротекторҳо метавонад тавсия карда шавад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.10.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.94TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov