Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оташак

Оташак (Сифилис)

Оташак ба бемориҳои классикие мансуб мебошад,  ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ (бемориҳои узвҳои таносул) мегузаранд. Барангезанда – трепонемаи хиратоб (Treponema pallidum). Оташак бо хусусияти ҷараёни камҳаракат инкишоф меёбад. Дар давраҳои дерин вай метавонад боиси осебёбии вазнини системаи асаб ва узвҳои дохила гардад.

Сироятшавӣ  бо  оташак

Дар аксарияти ҳолатҳо сироятшавӣ бо оташак ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ  дар маҳбал, даҳон ва ё рострӯда ба вуҷуд меояд.  Бештар  беморони  гирифтори оташаки ибтидоӣ (бо захмҳо дар узвҳои таносул, дар даҳон ва ё рострӯда) сирояткунанда мебошанд.  Ғайр аз ин, гузаштани сироят ҳангоми ҳомиладорӣ аз модари гирифтори беморӣ ба ҷанин мумкин аст, инчунин эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми хунгузаронӣ.

Сироятшавии маишӣ хеле кам ба назар мерасад.  Аксарияти ҳолатҳоеро,  ки бо сироятшавии маишӣ алоқаманд мекунанд, дар воқеъ ҳолатҳои исботнашудаи сироятшавии ҷинсӣ мебошанд. Ин ҳолат бо он асос ёфтааст,  ки  трепонемаи хиратоб  (Treponema pallidum) берун аз организми инсон зуд нобуд мешавад.

Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи яккарата бо шахси гирифтори оташак  бе истифодаи рифола

Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи яккарата бо шахси гирифтори оташак  30% - ро ташкил  медиҳад.

Давраи  ноаёни оташак

Давраи  ноаёни оташак  одатан  3-4 ҳафтаро (аз 2 то 6 ҳафта)  дар бар мегирад.

Аломатҳои оташак

Аломатҳои  оташак хеле гуногун мебошанд. Онҳо вобаста аз давраи беморӣ  тағйир меёбанд. Се давраи бемории оташакро  фарқ мекунанд:

  • Оташаки ибтидоӣ пас аз хотимаёбии давраи ноаёнӣ ба вуҷуд меояд.  Дар ҷои  ба организм роҳёфтаи барангезанда  (узвҳои таносул, пардаи луобии даҳон  ва ё рострӯда) захми бедарди решааш ғавс  пайдо мешавад  (сӯзоки сахт). Пас аз  1-2 ҳафтаи  баъди пайдоиши захм ғадудҳои сафроӣ дар атрофи он варам мекунанд  (ҳангоми паҳншавии захм дар даҳон варами ғадудҳои сафроии зери ҷоғ ва осебёбии узвҳои таносул - ғадудҳои сафроии қадкашак  дида мешавад). Захм (сӯзоки сахт) дар давоми 3-6 ҳафтаи пайдоиш  мустақилона  сиҳат мешавад.
  • Оташаки такрорӣ  дар фосилаи  4-10 ҳафта пас аз пайдоиши захм (2-4 моҳ пас аз сироятшавӣ) ба вуҷуд меояд. Вай дорои хусусияти дамидани доначаҳои мутаносиби тиратоб дар тамоми бадан мебошад,  аз ҷула дар кафи дастон ва кафи пойҳо.  Ба пайдоиши доначаҳо бисёр вақт  дарди сар, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан (мисли зуком) ҳамроҳ мешавад. Ғадудҳои сафроӣ дар тамоми  бадан варам мекунанд.  Оташаки такрорӣ дар шакли  паи ҳам ивазшавии хуруҷ  ва ифоқат (давраҳои гузариши бе аломат) ҷараён мегирад. Ҳамзамон  рехтани  мӯи сар  эҳтимол дошта,  дар узвҳои таносул ва дар атрофи мақъад  пайдоиши доначаҳои ҳамранги бадан ба назар мерасад  (кондиломаҳо).
  • Оташаки  сеюмкарата ҳангоми мавҷуд набудани табобат дар мурури солҳои зиёди сироятшавӣ пайдо мешавад. Ҳамзамон  системаи асаб (аз он ҷумла майнаи сар ва ҳароммағз), устухонҳо ва узвҳои дохила (аз он ҷумла дил, ҷигар ва ҳоказо) осеб меёбанд.

Ҳангоми  сироятшавӣ дар вақти ҳомиладорӣ  сирояти оташаки модарзодии навзод  эҳтимол дорад.

Аворизи  оташак

Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ҳангоми мавҷуд набудани табобат дар сеяки беморон оташаки сеюмдараҷа ташаккул меёбад.  Тақрибан  чоряки беморон аз оқибати он  ба ҳалокат мерасанд. 

Оташаки модарзодӣ метавонад боиси осебёбии вазнинтарин ва ё вафоти навзод гардад.

Ташхиси  оташак.

Ташхиси оташак бо таҷзияи хун барои оташак асос ёфтааст. Намудҳои зиёди  таҷзияи хун  барои оташак вуҷуд дорад. Онҳоро ба ду гурӯҳ қисмат мекунанд  – ғайритрепонемӣ (RPR, RW бо антигени кардиолипинӣ) ва трепонемӣ (РИФ, РИБТ, RW  бо антигени трепонемӣ).

Барои таҳқиқоти оммавӣ (дар беморхонаҳо, дармонгоҳҳо) таҷзияҳои ғайритрепонемии хунро истифода мебаранд. Дар як қатор ҳолатҳо онҳо метавонанд қалбакӣ мусбат бошанд, яъне ҳангоми  мавҷуд набудани оташак метавонанд мусбӣ бошанд. Бинобар ин натиҷаи мусбии таҷзияҳои ғайритрепонемии хун ҳатман бояд бо натиҷаҳои таҷзияи трепонемии  хун тасдиқ  карда шавад.   

Барои  баҳодиҳии  самаранокии табобат таҷзияҳои ғайритрепонемии хунро  миқдоран  истифода мебаранд (масалан, RW бо  антигени кардиолипинӣ).  Таҷзияҳои  трепонемии хун пас аз гирифторшавӣ ба оташак умрбод боқӣ мемонанд.  Бинобар ин барои баҳо додани  самарабахшии табобат таҷзияи трепонемии хунро (ба мисли РИФ, РИБТ, РПГА)  истифода  Намебаранд. 

Табобати  оташак

Табобати оташак бояд маҷмӯавӣ ва инфиродӣ  бошад.

Асоси табобати оташакро антибиотикҳо ташкил мекунанд.

Дар як қатор ҳолатҳо табобати иловакунандаи антибиотикиро таъин мекунанд   (иммунотерапия,  дорувориҳои  қувватбахшандаи умумӣ,  физиотерапия ва ҳоказо).

Шарикони ҷинсӣ

Агар Шумо табобат ёбеду, шарики ҷинсии Шумо бошад –  не, Шумо  метавонед такроран  сироятдор шавед.

Хабардор намудани шарикони ҷинсии худ дар бораи беморӣ хеле муҳим аст, ҳатто агар  чизе нороҳат насозад, инчунин  ҷиҳати аз муоина гузаштан ва гирифтани табобат онҳоро  боварӣ ҳосил кунонидан  зарур аст. Зеро бе ягон аломат  ҷараён гирифтани беморӣ хавфи хуруҷи аворизи  онро паст намекунад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov