Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Табобат

Тамоми беморони хепатити вируси, ба истиснои хепатити А, бояд дар шӯъбаҳои сироятии беморхонахо табобат карда шаванд. Асоси табобати беморон аз реҷаи нимбистарӣ, парҳез (истеъмол накардани машрубот, ғизои бирёншуда, дудхӯрда, равғанҳои мушкилобшаванда, консерваҳо, хӯришҳои тунду тез, қанду шоколад), истеъмоли витаминҳо иборат мебошад,  ки барои табобати беморони  гирифтори  шаклҳои сабуки хепатити А ва Е кифоя мебошад.

Ҳангоми  хепатитҳои вируси В ва С, ки бо хавфи музминшавӣ ҷараён мегиранд, айни замон табобат бо интерферон гузаронида мешавад, ки бинобар нобуд кардани вирус нигаронида шудааст.

Ҳангоми хепатити шадиди В ин беморони шакли зардчатобшавӣ, бидуни зардчатобшавӣ ва беаломат мебошанд. Дар чунин беморон бидуни истифодаи интерферон хепатити музмин дар 15%-и чунин ҳолатҳо инкишоф меёбад, ҳангоми табобат бо интерферон бошад –дар 3%  чунин ҳолатҳо.

Ҳангоми хепатити С  ба хамаи беморон дар давраи шадиди беморӣ, хусусан шакли бидуни зарчатобшавӣ, табобат бо интерферон лозим аст. Мавриди таъин кардани интерферон шифоёбӣ дар 60% беморон ба амал меояд, бидуни интерферон бошад – дар 15-20% беморон.

Ҳангоми хепатити музмин табобат бо интерферон шифоёбии устувори 35-40% беморони хепатити В-ро таъмин намуда, дар беморони хепатити С  шифоёбӣ  20-30%-ро ташкил мекунад. Ҳангоми дорандагии музмини вирусҳои хепатити В ва С интерферон истифода бурда намешавад.

Бо назардошти он,  ки ҳангоми таъин кардани интерферон (хол он ки интерферон арзиши баланд дорад)  то қадри имкон дар давраҳои бармаҳали сироятшавӣ, ноил шудан ба  натиҷаҳои афзалиятноки табобат имконпазир аст. Давраи муолиҷаи хепатити шадиди В ва С бо интерферон 3-моҳро, давраи  муолиҷаи хепатити музмини В 6-моҳро ва  давраи муолиҷаи  хепатити музмини С 12-моҳро дар бар мегирад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov