Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Аломатҳои сирояти ВНМО дар кӯдакон

Нишонаҳои клиникии сирояти ВНМО дар кӯдакон метавонад вобаста аз даврият ва усулҳои интиқол  ва ё таҳвили вирус комилан фар кунад. Ҳангоми сироятёбии парентералӣ (моеъҳои биологӣ) ва ё ба воситаи алоқаи ҷинсӣ алоимҳои шадиди вирусии барганданда вуҷуд доранд, баъд аз чунин вазъ беморӣ бо 4 марҳила мегузарад:  2 марҳила бо дар шакли даврии пушидаи ноайёнии аломатҳо ва ду шакли даврӣ бо аломатҳои кушодаи клиникӣ.  Ҳангоми бо роҳи сироятёбии амудӣ (аз модар ба кӯдак) алоимҳои шадиди вирусии барганданда ва марҳилаи беаломатии беморӣ муайян карда намешавад. Алоимҳои шадиди вирусии барганданда дар 30-35% кӯдакон  баъд аз давраи ноайёнии сироятпазирӣ (аз 2 ҳафта то 3 моҳ аз оғози сироятёбӣ)  ба қайд гирифта мешавад.

Сирояти ВНМО вобаста ба нишонаҳои клиникӣ дар марҳилаи аввал дар шакли илтиҳоби гулу (фарингит), лимфоаденопатия, гепатоспленомегалия, ҳарорати номуътадили бадан (субфебрилитет), донача дамиши қоҳир-босурӣ ва пайса-обилавӣ (доначаи уртикарнӣ ва папулезӣ) ва хело кам аломатҳои илтиҳобии пардаи майнаи сар (менингит) муайян мешавад. Давомнокии ин марҳила аз 2 шабонарӯз то 2 моҳ, ба ҳисоби миёна то 21 рӯз ноустувор боқӣ мемонад.

Дар марҳилаи дигари сирояти ВНМО вобаста ба нишонаҳои клиникҳ дар шакли паҳнкунанда- беаломатҳо ва лимфаденопатияи устувори ҳамешагӣ муайян мешавад.  Давомнокии ин марҳила аз 2 сол то 2-10 сол  боқӣ мемонад. Марҳилаи дуюм нишонаи талафдиҳӣ, камшавии вазни бадан (қариб 2-10%), вайроншавии пӯстпушонӣ ва луобпардаҳои бадан (иллатҳои пӯст дерматитҳо, бемориҳои замбурӯғӣ–микозҳо, бемориҳои зерпӯстӣ, авҷгирии дигар бемориҳои ковокии даҳон ва лабҳо), тез-тез пайдоишу фарогирии герпеси иҳоташуда муайян карда мешавад.  Ҳолати умумии организм чун қоида вайрон намешавад.

Марҳилаи сеюм дар худ дарбар мегирад авҷи маъмули ҳолати норасоии масуният: беҳолшавӣ, нотобӣ, камқувватӣ, дарунравии пайдоишаш номаълум, иштиҳобандӣ ҳароратбаландӣ, дарди сар, арақкунии шабонгоҳӣ, калоншавии испурч.  Сирояти ВНМО дар кӯдакон дар ҳамин марҳилаи номбаршуда нишонаҳои ҳамроҳишавандаи вайроншавии системаи асаб, аломатҳои асабониятии ғайримарказ ва паст ва ноустувор гаштани зеҳну хотира муайян карда мешавад.  Инчунин, ин марҳила авҷи маъмули зуд – зуд бақайдгирии барфаксории (кандидози) ковокии даҳон,  пайдошу фарогирии герпеси оддӣ ва иҳоташуда, цитомегаловирус - ғургушак (паротит).  

Дар марҳилаи чорум бошад (марҳилаи БПНМ) дар нақши аввали нишонаҳо, пайдоиши аломатҳои клиникии бемориҳои ҳамроҳишавандаи вазнин ва музмин, инчунин, омосҳою бемориҳои бадсифат муайян карда мешавад.

Дар синни то 3 солагии хурдсолон ва кӯдакон хусусияти хоси нишшонаҳо ин зуд-зуд бақайдгирнии сироятҳои баланди вазнини бактериявӣ мебошад. Дар ҳақиқат амалан 50% ҳодисаҳои сирояти ВНМО дар кӯдакон варамгушаки чиркдор (гнойный отит),  илтиҳобии пардаи майнаи сар (менингит), вайроншавӣ ва бемориҳои пӯст, илтиҳоби бактериявии шуш (пневмония) бо раванди гузариш ба дигар узвҳо ва пайдоиши газаки шушпарда ва моеъҷамъшавӣ дар он, сепсиси бектериявӣ, вайроншавии иллати буғумҳо ва устухонҳо.  Чун қоида  ба вазифаи барангезанда мансуб мебошанд  S. pneumoniae, S. aureus, H. influenzae, E. Coli ва баъзе аз намудҳои Salmonella.

 Маҷмӯи қисматҳои (спектралии) сироятҳои ҳамроҳишаванда (бемориҳое, ки ба одамони дорои системаи масуниятии хуби меъёрӣ ё кофӣ, хос нест) дар кӯдакони дорои сирояти ВНМО умуман монанд ба мисли калонсолон, ба истиснои он ҳолате, ки эҳтимолияти мутаносибии пайдоиши чунин бемориҳо фарқият доранд.

Цитомегаловирус ва токсоплазмоз кам ба қайд гирифта мешаванд. Сироятҳои бактериявӣ бештар ба қайд гирифта мешаванд ва умуман дар амал намуди асосии сироятҳои дуюмдараҷаи иловагиро ташкил менамоянд. Илтиҳоби пнемосистии шуш (пневмоцист),  барфаксории - (кандидози) ковокии даҳон (молочница) ва сурхрӯда, сироятҳои замбурӯғии бегоназоти ғайриоддӣ (микоплазмоз-бештар шуш ва шушпардаро сироят мекунад)  ва сирояткунии микроорганизмҳои соддатарини рӯдаҳо, ҳаҷми асосии оризаҳои ғайрибактериявӣ мансуббуда байни кӯдакони ба сирояти ВНМО мусбӣ муайяншударо ташкил менамояд; озмоишу таҳлил ва табобати чунин вайроншавии фаъолияти организм ё худ иллатгирӣба мисли калонсолон сурат мегирад.

Дар кӯдакони ба ВНМО сироятёфта андармонии инкишофи рӯҳию ҳаракатӣ боздошта, харобшавӣ лоғарӣ, бештар камхунӣ ба қайд гирифта мешавад.  Тақрибан 50%-и шумораи умумии онҳо бо вазни кам (камтар аз 2500гр.) ва  бо нишонаҳои норасоии морфофунктсионалӣ таваллуд мешаванд. Чунончи тахминан дар 80%-и кӯдакон аломатҳои бемориҳои асаб (неврологӣ) (алоимҳои гипертензионно-гидроцефальный), алоимҳои аз чизе худдорикунӣ, парҳезкорӣ (абстинентӣ) ба қайд гирифта мешавад.  Кӯдакони бо сирояти ВНМО мусбӣ муайяншуда сусттар инкишофу афзоиш мекунанд ва нишонаҳои балоғатрасии ҷинсӣ дар онҳо дертар оғоз мегарданд.

Аломатҳои ососии клиникии сирояти ВНМО дар кӯдакон.

Андармонии афзоишии иловагӣ нисбат ба вазн ва қадкашӣ. Қаду вазнченкунии ҳармоҳа ҳатмӣ мебошад.

Андармонии инкишофи рӯҳию ҳаракатӣ ва ҷисмонӣ. Муоинаю назорати равоншинос (рӯҳшинос) ҳатмӣ мебошад.

Бе ҳисси дард калоншавии гиреҳчаҳои лимфатикӣ (зиёда аз 0,5 см) дар ду ва аз он ҳам зиёдтари гурӯҳҳои гиреҳчаҳо (гардан ва зербағалӣ, тагикаш ва ғ.) .

Калоншавии ҷигар ва испурч бе ягон сабабҳои намоёну зоҳиршаванда.

Авҷу тез-тез фарогирии ғургушак – паротит (калоншавии ғадудҳои оби даҳон).

Авҷу зуд фарогирии барфаксории - (кандидози) ковокии даҳон (молочница)  ва пайдоиши барфаксорӣ  дар кӯдакони синну соли аз 6 моҳа калон.

Барфаксории- (кандидози) пӯст ва луобпардаҳо.

Авҷу зуд фарогирии сироятҳои бактериявӣ: илтиҳоби шуш ва ғургушаку варами гӯш, варами пардаи бинӣ (синуситҳо), рихнаксорӣ – илтиҳоби пӯст (пиодермит) ва ғ.

Авҷу зуд фарогирии герпеси симплекс ва герпеси зостер.

Авҷу зуд фарогирии бемории гулафшон (обакон).

Моллюски гузарандаи (омоси нарми пӯст) паҳншаванда.

Илтиҳоби кунҷаки лабҳо (хейлит) ва “лаҷомак” ва ё лабхурда.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.