Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.
Пешгирӣ 24.01.2014 20:19
Омилҳои хавф Ду омили асосии сироятшавӣ аз БС чунин мебошанд: таъсирпазирии аз ҳад зиёд нисбати сироят ва алоқа бо беморе, ки гирифтори шакли аёни БС мебошад. Ба гурӯҳи хавф таалуқ доранд: Шахсоне, ки доимо дар алоқаи зичи маишӣ бо бемор қарор доранд (донишҷӯёни хобгоҳ, аъзоёни як оила); Шахсоне, ки ....
Табобат 24.01.2014 20:18
Бемории сил бо вуҷуди ташхиси саривақта, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад. Табобати БС танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи (диспансер) мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад. Реҷаи чоргонаи табобат Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати ....
Нишонаҳо 24.01.2014 20:17
Нишонаҳои БС шуш Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш - ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир ....
Маълумоти умумӣ 24.01.2014 19:44
Бемории сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum«лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст)— бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ....
Эпидемиология 24.01.2014 20:20
Мутобиқи маълумоти ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), тақрибан 2 миллиард одамон, се ҳиссаи аҳолии умумии Курраи Замин сироят шудаанд. Айни замон ҳамасола 9 миллион одамон дар тамоми ҷаҳон гирифтори БС мегарданд, ки аз онҳо 3 миллионашон аз оризаҳои ин беморӣ вафот мекунанд. (Тибқи маълумоти дигар, ҳамасола 8 миллион одамон гирифтори БС ....

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.