Оиди ВНМО/БПНМ
Муртазо
13.03.2023
Салом акаи Умед. Як савол дорам. Аз алоқаи ҷинсиям 71 рӯз гузашт ва ба беморхонаи вилоятӣ рафта таҳлили ВНМО супоридам, тоза баромад, метавонам дилпур шавам? Ва мегӯянд, ки баъди 3 моҳ ба фикри шумо баъди се моҳ низ ҷавоб манфӣ мебарояд? 2) Баъди ду моҳ туй дорам ва баъди ду моҳ аз алоқаи ҷинсӣ 110 рӯз мегузарад. Агар боз ҳам ҷавоб манфӣ барояд метавонам оиладор шавам? 3) Баъди 3 моҳ як бор таҳлил супорам мешавад, ё якчанд маротиба супорам? Раҳмат барои ҷавобатон чун вақти қиммати худро дареғ надошта ба саволҳои мо ҷавоб медиҳед.
Салом. Хуб мешавад боз як бори дигар баъди 3 моҳи пурра гузаштан таҳлил супоред.
Эҳтимоли калон аст, ки баъд аз 3 моҳ низ ҷавоб манфӣ мешавад. Баъди 3 моҳ таҳлил манфӣ бошад, пас дигар бо дилпури оиладор шудан гиред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо