Оиди ВНМО/БПНМ
Ахмад Идрисов
04.03.2023
Салом акаи Умед. Ман барои ҳал накарданам рафтам ба беморхонаи Истиқлол, шланг қурт кардам, ва гуфтанд, ки язва меъда ҳаст. Дорувори ва укол кардам. Айни замон Худоба Шукр хуб шудам. Аммо гулӣ мудати зиёд мешавад, ки ярра дорад, ва хуб намешавад. Тамоми дорувори истифода бурдам. Духтур мегӯяд, ки ин аз ҳисоби ҳал нашаванда мебошад. Як саволи дигар. Дар кунҷи синам дард мекунад, ягон чӣ мехурам дардманд мешавад мешавад. Илтимоси зиёд акаи Умед камтар мефаҳмондед. Аллох шумора нигаҳбон шавад. Омин.
Салом. Дар чорчубаи сомонаи мо ҳалли мушкилиҳои Шумо ғайриимкон аст, зеро ба Шумо муоинаи духтур лозим аст, яъне духтур бояд бинад, ки дар гулуи Шумо чӣ гуна захм аст, хамзамон дарди кундаи синаро низ сабабашро бояд аник намуд. Аз ин лиҳоз, Шумо бояд тахти назорати духтур бошеду, муоина ва табобати дурустро қабул намоед. Дар акси ҳол ин нишонаҳо метавонанд боз дигар оризаҳоро ба амал оранд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо