Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом, хоҳиш мекунам ба саволам ба таври фаври посух гуед. Ман бо зане саёҳат рафтам ва шаби аввал бо сабабе ки рифола надоштам хамту ду се см. мардиамро ба ақиби зан (на маҳбалаш)андохтам ва даст кашидам рузи дуюм бо рифола да акиби зан андоҳтам ва шояд 5-6 дақиқа давом кардам халос. Аслан у зан нею духтар буд 25-30 рӯз баъди ин кор грип гулу дард ва каме гурда дард шудам аммо на ҳамааш ба воҳима лекин грипам 3 рӯз тул кашид. Инчунин баъди грип шудан асбоби мардиам месузад чи хоҷат кунам ва ё накунам алакай 3 руз мешавад сухтанашро. Аммо иштихо кувват дорам ва харорат накардам сар хам дард намекунад ва ҳолатам хам хуб аст оё нишонаи ВИЧ аст? баъди зино чи микдор вақт лозим аст ки нишонаҳои ВИЧ пайдо шаванд? Хоҳиш мекунам имконият бошад ба саволам тезтар ҷавоб дихед.

Салом!

Дар асоси маълумотҳои навиштаатон гуфтан мумкин аст, ки Шумо хавфи сироятшавии ВНМО-ро доштед, аммо он начандон зиёд аст, зеро тамос дуру дароз набуд. Ҳамзамон, мо намедонем, ки духтар гирифтори вирус ҳаст ё не. Нишонаҳое, ки гуфтед ба нишонаҳои аввалиндараҷаи ВНМО начандон хос аст, зеро дарозмуддат набудаанд. Аз ин ру, агар аз рузи тамос се моҳ гузашта бошад, як бор тест оиди ВНМО супоред, агар нагузашта бошад, хозир супоред ва баъди анҷоми се моҳ боз як бори дигар такроран супоред. Агар ҷавоб манфи барояд, пас дигар хавотир нашавед ва дар оянда худро эҳтиёт намоед.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.06.2019
USDUSD9.44TJSTJS
EUREUR10.63TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS
© 2013 - 2019 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov