Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ВАСЕЪ НАМУДАНИ ДАСТРАСИИ ГУРӮҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МИТ ВА ТҶЁ

 logo gf           logo undp 0           gerb           logoafew tajikistan-01

 

Дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон масъалаҳои ҷалби гурӯҳҳои осебпазир аҳолӣ ба хизматрасониҳои машварати ихтиёрӣ ва ташхиси бемории ВНМО (МИТ) ва  табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон (ТҶЁ) баррасӣ карда шуд.

rv22novembertj22 ноябри соли 2018 дар шаҳри Бохтар вохӯрии кории навбатии шарикони  шабакаи таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар чорабинӣ 35 нафар намояндагони Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, марказҳои ВНМО ва наркалогӣ, ташкилотҳои ҷамъияти ва хориҷӣ, ки дар соҳаи пешкаш намудани хизматрасониҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.

Мақсади асосии вохӯрӣ ин муҳокимаи масъалаҳо ва таҳияи фаъолиятҳои муштарак барои васеъ намудани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо диққати махсус ба нашъамандони тазртқӣ ба хизматрасониҳои МИТ ва ТҶЁ.

rv22november1tjpngДар ҷараёни вохӯрии корӣ иштирокчиён  бо вазъи  ташхиси  ВНМО дар байни нашъамандони тазриқӣ ва табобати онҳо бо роҳи табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон шинос шуданд.  Ба иштирокчиён инчунинн маълумот доир ба татбиқи лоиҳаи  «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад, шинос шуданд, ки мақсад ва вазифаҳои он ба васеъ намудани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасониҳои МИТ ва ТҶЁ равона карда шудааст, пешкаш карда шуд.

Вохӯрии корӣ бо мусоидати Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва лоиҳаи «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби БР СММ-Тоҷикистонн бо дастгирии Хазинаи глобалӣ барпо гардид. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

13.12.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.68TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov