Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Намояндагони шӯроҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ афзалияти дониши худро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баланд мебардоранд

logo btg-tagline 2013                                                                   logoafew tajikistan-01

 

treninguristitj15-16 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе омӯзиши «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» барпо гардид.

Дар омӯзиши мазкур 21 намояндагони Шӯроҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва мушовирони баробари ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи ВНМО ва БПНМ дар ш. Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд фаъолият менамоянд, иштирок карданд.

Иштирокчиёни тренинг бо маълумотҳои асосӣ оид ба фаъолияти «ҳуқуқшиносони кӯчагӣ» ва муқаррароти асосии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 600 оид ба «Ташкили хизматрасонии тиббӣ ва санитарӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии Ҷумҳурӣ» шинос гардиданд.

treninguristi.png2tjДар рафти машқҳои амалӣ иштирокчиён бо малакаҳои машваратҳои ибтидоӣ ва роҳҳои ҳуҷҷатгузории арзу шикоятҳо аз гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар масъалаҳои гирифтани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ омӯзонида шуданд.

Тренинг аз тарафи ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: саломатӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - 2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ каоада мешавад, ташкил карда шуд.  

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.10.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.88TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov